ТАҲЛИЛИ ТАРКИБИИ ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМОНИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГИЯИ ДОНИШКАДА, ДОНИШГОҲ ВА ПАЖӮҲИШГОҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2002-2014

ТАҲЛИЛИ ТАРКИБИИ ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМОНИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГИЯИ ДОНИШКАДА, ДОНИШГОҲ ВА ПАЖӮҲИШГОҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2002-2014

Ашуров Ғ.Ғ., Каримов С.М.

Кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДТБКСТ ҶТ

 

Ashurov G.G., Karimov S.M.

STRUCTURED TEST OF ACTIVITY SCIENTIST-STOMATOLOGISTS OF THE INSTITUTE, UNIVERSITY AND SCIENTIFICALLY-CLINICAL INSTITUTE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN IN THE PERIOD OF 2002-2014

Therapeuticallly Dentistry Department of State Educational Establishment «Institute of postgraduate education in health sphere of Republic of Tajikistan»

 

 Имрӯзҳо олимони соҳаи стоматологияи кишвар дар 3 муассисаҳои илмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон фаъолият доранд: Дониш­кадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй (тасвири 1).

1

 Дар давоми зиёда аз 10-соли охир бо саъю кӯшиши олимони соҳаи мазкур як қатор корҳои назарраси илмӣ ба анҷом расонида шуд. Дар ин самт мо фаъолияти олимони се муассисаҳои олии ин соҳаро зери таҳлили воқеъӣ қарор додем. Қайд кардан зарур аст, ки дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипло­мии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҷамъ 4 кафедраи соҳавӣ фаъолият дорад (тасвири 2).

2

Номгӯи кафедраҳои соҳавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз кафедраҳои стоматологияи му­олиҷавӣ, стоматологияи ортопедӣ, ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯдакона иборат мебошад (тасвири 3).

3

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии стома­тология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй 7 шӯъба ва 1 филиал ба корҳои илмию табобатӣ машғул мебошад: шӯъбаҳои илм, стоматологияи муолиҷавӣ, стоматологияи ортопедӣ, сто­матологияи кӯдакона, имплантология, ста­тсионарии ҷоғу рӯй, амбулатории ҷоғу рӯй (тасвири 4).

4

Яке аз талаботҳои фаъолият намудани муассисаҳои олии соҳаи тиб мавҷуд будани мутахассисони унвонҳои дараҷаи илмӣ до­шта ба шумор меравад. Вобасти ба ин самт шумораи кормандони унвони дараҷаи илмӣ дошта дар кафедраҳои соҳавии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ба назар мерасад: дар кафедраи сто­матологияи муолиҷавӣ миқдори умумии кор­мандон аз 4 нафар иборат буда, аз ин миқдор 1 нафар доктори илмҳои тиб, профессор, 3 нафари боқимонда унвони номзади илмҳои тибро соҳиб мебошанд. Кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯдаконаи до­нишкадаи мазкур низ аз 4 нафар иборат мебошад, ки аз ин миқдор 1 нафар доктори илмҳои тиб, профессор, 2 нафар номзади ил­мҳои тиб ва 1 нафар унвони дараҷаи илмиро надорад (ниг. ба тасвири 5).

5

Дар кафедраи стоматологияи ортопедии Донишкадаи мазкур ҷамъи умуми кормандон аз 7 нафар иборат буда, аз ин миқдор 2 нафар мутахассисон соҳиби унвони дараҷаи илмӣ, 5 нафари боқимонда унвони илмӣ надоранд. Кафедраи стоматологияи шуъбаи Хуҷанди Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кор­мандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 3 нафар кормандон иборат буда, аз ин миқдор 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 на­фар мутахассис унвони дараҷаи илмӣ надорад.

Таҳлили гузаронида нишон медиҳад ки миқдори кормандони унвони дараҷаи илмӣ дошта дар кафедраҳои соҳавии Дониш­гоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чунин: дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ миқдори умумии кормандон аз 8 нафар иборат буда, аз миқдо­ри зикршуда 1 нафар соҳиби унвони дараҷаи доктори илмҳои тиб, 7 нафар омӯзгорони боқимонда унвони дараҷаи илмӣ надоранд (тасвири 6).

6

Дар кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва сто­матологияи кӯдаконаи Донишгоҳи мазкур миқдори умумии омӯзгорон ба 9 нафар баробарӣ дошта, аз ин шумора 1 нафар до­ктори илмҳои тиб, 2 – дотсент, 2 – номзади илмҳои тиб, 4 нофари боқимонда омӯзгорони беунвон ба ҳисоб мераванд. Дар кафедраи стоматологияи ортопедӣ бошад, аз 9 нафар омӯзгор 5 нафар номзади илмҳои тиб, 4 нафари боқимонда дараҷаи илмиро соҳиб нестанд.

Мо инчунин таҳлили ғайримустақими фаъолияти кормандони Пажӯҳишгоҳи ил­мию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйро гузаронидем. Маълумотҳои ба даст оварда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин сохтор 7 шӯъба ва 1 филиали иборат аз 4 нафар корманд фаъолият доранд. Дар шӯъбаи илм миқдори умумии кормандон аз 3 нафар иборат буда, ҳамаашон номзади илмҳои тиб ҳастанд. Қайд кардан зарур аст, ки нафарони дар шӯъбаи мазкур фаъолият дошта, кормандони доимии ин муассиса ба ҳисоб намераванд ва ин намуд коргузорӣ муқобили қонуни мактабҳои олӣ ба шумор меравад.

Миқдори умумии кормандони шӯъбаи стоматологияи муолиҷавии Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй аз 16 нафар иборат буда, ягон нафа­ри онҳо дараҷаи унвони илмиро соҳиб не­станд. Дар шӯъбаи стоматологияи ортопедӣ низ миқдори умумии кормандон ба 7 нафар баробар буда, байни ин кормандон ягон на­фар соҳиби дараҷаи илмӣ намебошад. Чунин ҳолати ногувор дар шӯъбаи стоматологияи кӯдаконаи Пажӯҳишгоҳ низ мушоҳида карда мешавад ва маълум гардид, ки дар ин шуъба аз 9 нафар кормандон, ягон нафарашон соҳи­би унвони илмӣ нестанд (ниг. ба тасвири 7).

7

Дар шӯъбаи имплантологияи Пажӯҳиш­гоҳ миқдори умумии кормандон аз 3 нафар иборат буда, аз ин миқдор 1 нафар соҳиби унвони илмии доктори илмҳои тиб, 2 нафа­ри боқимонда унвони илмӣ надоранд. Дар шӯъбаи статсионарии ҷарроҳии ҷоғу рӯй аз 6 нафар кормандон миқдори мутахассисони унвони илмӣ дошта ва шахсони беунвон мутаносибан ба 3 баробарӣ доранд. Ин ни­шондод дар шӯъбаи амбулатории ҷоғу рӯй мутаносибии ба 1:3-ро ташкил медиҳад.

Оиди ин масъала бояд ҳаминро қайд намуд, ки Пажӯҳишгоҳи номбурда, ки дар Ҷумҳурӣ муассисаи ягонаи асосии соҳаи стоматология шуморида мешавад, танҳо аз 1 профессор ва 4 нафар номзади илмҳои тиб иборат мебошад, ки танҳо ин масъалаи кадрӣ фаъолият намудани ин сохтори илми­ро аз лиҳози қонунӣ тамоман ғайриимкон месозад.

Дар асоси маълумотҳои дар боло зикр гардида, фоизи унвоннокии кормандони муассисаҳои илмии соҳаи стоматологи­яро дар Ҷумҳури Тоҷикистон мехоҳем пешкаши хонандагон намоем. Чуноне, ки дар тасвири 8 омадааст, дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоизи унвоннокии кормандони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ ба 100% баро­барӣ дошта, ин нишондод дар кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯда­кона ба 75%, дар кафедраи стоматологияи ортопедӣ ба 42,6%, дар кафедраи стомато­логияи шуъбаи Хуҷанд ба 66,7% баробарӣ дорад. Ба ҳисоби миёна фоизи унвоннокии кафедраҳои соҳавӣ дар Донишкадаи маз­кур 71,2%-ро ташкил медиҳад, ки ин ба талаботҳои мактабҳои олӣ пурра ҷавобгӯй мебошад.

8

Дар Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷи­кистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бошад, нишондоди унвоннокии омӯзгорони кафе­драи стоматологияи муолиҷавӣ ба 16,7% баробар буда, ин нишондод дар кафедраи стоматологияи ортопедӣ 71,4%, дар кафе­драи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯдакона 50%-ро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна нишондоди мазкур дар кафедраҳои соҳавии муассисаи номбурда 46%-ро ташкил медиҳад.

Чунин таҳлили таркибиро низ дар Па­жӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй низ гузаронидем. Натиҷаи таҳлил нишон дод, ки фоизи ун­воннокӣ дар 3 шӯъбаҳои фаъолияткунандаи Пажӯҳишгоҳ (шӯъбаи стоматологияи муо­лиҷавӣ, стоматологияи кӯдакона, стоматоло­гияи ортопедӣ) ба сифр баробарӣ дошта, дар шӯъбаҳои боқимонда – ба монанди ҷарроҳии ҷоғу рӯйи статсионарӣ, имплантология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯи амбулаторӣ ин нишондод мутаносибан ба 50%, 25% ва 33,3% баробарӣ дорад. Ба ҳисоби миёна дараҷаи унвоннокии кормандони Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба 9,6% баробар мебошад.

Баҳои муқоисавии ҳолати унвоннокии кормандони муассисаҳои номбурда аз он шаҳодат медиҳад, ки агар дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори кормандони дараҷаи илмӣ дошта ба ҳисоби миёна 71,2%-ро ташкил диҳад, дар Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ин нишондод ба 46% баробар буда, дар Па­жӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй танҳо 9,6%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод 7 баробар камтар нисбати ДТБКСТ ҶТ ва 5 баробар камтар нисбати ДДТТ ба ҳисоб меравад. Чунин ҳо­лати илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи асосӣ ва ягонаи соҳаи стоматологияи кишвар ба талаботҳои мактабҳои олӣ мутлақан ҷавобгӯй нест ва бояд оиди ин ҳолати мавҷуда чораҳои за­рурӣ андешид.

Бо назардошти вазифаҳои гузошта дар назди олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон, яке аз масъалаи муҳим – ин тайёр намудани мутахассисони дараҷаи илмӣ дошта ба ҳисоб меравад. Дар ин самт мехостем дастовардҳои про­фессорон ва докторони илми тибби соҳаи стоматологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми 12 соли охир ба маълумоти ҳамагон расонем.

Чуноне, ки дар тасвири 9 омадааст, шумораи стоматологони дараҷаи унвони илмӣ дошта, ки аз тарафи профессорон ва докторони соҳаи мазкур дар солҳои 2002- 2014 тайёр шудаанд, ҳолати зеринро дар бар мегирад. Доктори илмҳои тиб, профессор Тоиров У.Т. рисолаи доктории худро соли 1990 ҳимоя намуд. Дар давоми 12 соли охир зери роҳбарии шахси номбурда дар ҷамъ 2 нафар мутахассисони кишвар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.

Доктори илмҳои тиб, профессор Ашу­ров Ғ.Ғ. рисолаи доктории худро соли 1995 ҳимоя намуд. Дар давоми 12 соли охир зери роҳбарии профессор 18 нафар мута­хассисони соҳаи стоматологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаҳои номзадӣ (15 нафар) ва докторӣ (3 нафар) дифо намуданд. Доктори илмҳои тиб, профессор Шоки­ров М.Н. рисолаи доктории худро соли 2003 ҳимоя намуда, дар ин давра бо роҳбарии шахси номбурда 3 нафар мутахассисони соҳа рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Зери роҳбарии доктори илмҳои тиб Назаров З.А, ки рисолаи худро соли 2006 ҳимоя намуд, 2 нафар мутахасси­сон рисолаҳои номзадии худро низ ҳимоя намуданд.

9

Дар давоми 12 соли охир фаъолияти профессорону докторон ва дотсентони соҳаи стоматология, оиди нашр намудани маводҳои илмии худ, зери таҳлили воқеъо­на қарор гирифта шуд (ниг. ба тасвири 10). Таҳлили гузаронида аз он шаҳодат медиҳад, ки миқдори умумии маводҳои нашргардида аз тарафи олимони соҳаи стоматологияи муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар солҳои 2002-2014 ҳолати зеринро дар бар мегирад. Аз тарафи доктори илмҳои тиб, профессор Тоиров У.Т. дар мӯҳлати 12 сол ҳамагӣ 18 адад маводҳои илмӣ (дар маводҳои анҷумани 1-уми стоматологони кишвар – 8 адад мақола, дар маводҳои анҷу­мани 2-юм – 5 адад, дар маводҳои анҷумани 3-юм – 0, дар маводҳои конференсияи сто­матологони Хатлон ва Суғд – мутаносибан 2 ва 3 адад) зери нашр омада, ин нишондод аз тарафи профессор Ашуров Ғ.Ғ. ба 335 адад баробарӣ дорад,

10

Дар муҳлати зикршуда маводҳои нашр­гардидаи доктори илмҳои тиб, профессор Шокиров М.Н. 121 ададро ташкил дода, ин нишондод ба докторони илми тиб Наза­ров З.А., Ҷураева Ш.Ф., Қодиров М.Х. ва Исмоилов А.А. мутаносибан 37, 162, 3 ва 84 ададро ташкил медиҳад.

Чуноне, ки дар тасвири 11 омадааст, фо­изи инфиродии олимони соҳаи мазкур оиди маводҳои нашргардида дар солҳои 2002- 2012 чунин воқеат дорад. Аз миқдори уму­мии маводҳои зери нашр омада (784 адад) миқдори мақолаҳои ба доктори илмҳои тиб, профессор Тоиров У.Т. мансубдошта танҳо ба 2,3% баробарӣ дошта, ба доктори илмҳои тиб, профессор Ашуров Ғ.Ғ. – 42,7%, доктори илмҳои тиб, профессор Шокиров М.Н. – 16,4%, доктори илмҳои тиб Назаров З.А. – 4,7%, доктори илмҳои тиб Ҷураева Ш.Ф. – 20,7%, доктори илмҳои тиб Қодиров М.Х. – 0,4%, доктори илмҳои тиб Исмоилов А.А. – 10,7%, дотсент Шарипов С.М. – 2,9%, дотсент Субҳонов С.С. – 2,4%-ро ташкил медиҳад.

11

Яке аз нишондодҳои сифатнокии фаъолия­ти олимони соҳа миқдори мақолаҳои нашргар­дида дар маҷаллаҳои ба рӯйхати Комиссияи Олии аттестатсионии Руссия дохилшуда ба ҳи­соб меравад. Аз рӯи талаботҳои ҳозиразамон, танҳо профессорон ва доктороне, ки дар да­воми 5 соли охир на камтар аз 4 мақола дар ин намуд маҷаллаҳо чоп карда бошанд, ба Шӯрои диссертатсионӣ дохил карда мешаванд. Дар ин самт низ фаъолияти олимони соҳаи стома­тология низ зери таҳлили воқеъона қарор ги­рифт. Натиҷаи таҳлил нишон дод, ки миқдори мақолаҳои зери нашр омада дар маҷаллаҳои ба номгӯи Комиссияи Олии Аттестатсионии Руссия дохилгардида, аз тарафи профессорон ва докторони соҳаи стоматологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати зеринро дар бар мегирад (ниг. ба тасвири 12).

12

Дар давоми 12 соли охир нишондоди маз­кур аз тарафи доктори илмҳои тиб, профессор Тоиров У.Т. танҳо 3%-ро ташкил дода, мақо­лаҳои зери нашр омадаи доктори илмҳои тиб, профессор Ашуров Ғ.Ғ. дар ин намуд маҷал­лаҳо ба 40%, доктори илмҳои тиб, профессор Шокиров М.Н. – 18,5%, доктори илмҳои тиб Ҷураева Ш.Ф. – 15,4%, доктори илмҳои тиб Исмоилов А.А. – 23,1%-ро ташкил медиҳад. Аз тарафи докторони илмҳои тиб НазаровЗ.А. ва Қодиров М.Х. дар маҷаллаҳои ном­бурда дар давоми 12 соли охир ягон мақола зери нашр наомадааст.

Ҳамин тариқ, таҳлили таркибии фаъоли­яти олимони соҳаи стоматологияи Дониш­кадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пажӯҳишгҳи ягонаи ин соҳа аз он шаҳодат медиҳад, ки бояд роҳбарон ва мутахассисони ин муасси­саҳо супориш ва вазифаҳои дар назди олимон гузоштаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомали Раҳмонро зери иҷроиш ва назорати қатъӣ гирифта, барои аз лиҳози илмӣ ба талаботҳои мактабҳои олӣ ҷавобгӯй будани ин муассисаҳои илмӣ саъю кушиш намоянд.

Маълумот дар бораи муаллифон:

Ашуров Ғ.Ғ. – мудири кафедраи даҳонпизишкии муолиҷавии ИБКСТ ҶТ, д.и.т., профессор

Каримов С.М. – ассистенти кафедраи даҳонпизишкии муолиҷавии ИБКСТ ҶТ, н.и.т.

Ахбороти ҳамкорӣ:

Каримов С.М.. – моб.: +992 918-61-62-08

Комментарии

Back to Top