НИШОНДОДҲОИ ЭПИДЕМИОЛОГИ ВА ОМИЛҲОИ ХАТАРИ БЕМОРИИ ИШЕМИЯВИИ ДИЛ ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ
НИШОНДОДҲОИ ЭПИДЕМИОЛОГИ ВА ОМИЛҲОИ ХАТАРИ БЕМОРИИ ИШЕМИЯВИИ ДИЛ ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ
А. Аҳмедов, З. Раҳимов, М. Бобокалонова
Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон,
Ассотсиатсияи дилшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Кафедраи кардиология бо курси фармакологияи клиникӣ
Муҳимияти мавзӯъ
Пешгири ва паст намудани бемориҳои ишемиявии дил (БИД) масъалаи беҳад муҳим ва доимии рӯз ба шумор меравад [7;8]. БИД сабаби асосии фавт дар байни аҳолии давлатҳои муттараққи ба ҳисоб меравад. Дар Руссия аз рӯи ҷадвали фавти умумӣ 30%-и фавт ба БИД рост омада, сабаби фавт низ аз бемориҳои дилу раг тақрибан 55% бемории мазкур мебошад. Паҳншавии БИД аз рӯи нишондодҳои тадқиқотии эпидемиологӣ дар минтақаҳои як давлат фарқ намуда, бо зиёдшавии синну сол меафзояд [1;4 ]. Мутобиқи
тадқиқотҳои эпидемиологи дар солҳои гуногун дар Маркази илмию тадқиқотии тибби профилактикии Вазорати рушти иҷтимои ва тандурустии Федератсияи Руссия гузаронидашуда, паҳншавии БИД дар байни нафарони синну солашон аз 35 сола боло ҳудуди 10 млн. нафарро дар бар мегирад [5;6]. Тадқиқоти умумиҷаҳонии ATP-Survey [angina treatment pattarns] ки дар байни 9 давлати Аврупо ва 18 марказҳои Руссия гузаронида шуда буд, маълум намуд, ки аз 1/3 ҳиссаи гирифторони БИД — беморони гирифтори стенокардия мебошанд. Фавт дар байни онҳо 2%ро ташкил медихад [5].
Вазифаҳои тадқиқот
Таҳлили ҷараёни дараҷаи беморшавии аввалия ва паҳншавии бемориҳои дилу рагҳо дар баъзе минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ). Ассотсиатсияи кардиологони ҶТ мунтазам дастурамали таҷрибаи клиники ва протоколҳои клиникиро ҳам барои сатҳи ёрии аввалии тибби ва ҳам барои хадамоти статсионарӣ аз нав дида мебарояд ва дигаргуни ворид мекунад.
Материалҳо ва роҳҳо
Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ дар асоси ҳисоботҳои расмии нашргардида аз рӯи муроҷиати аҳоли ва тадқиқотҳои скринингӣ. Объекти тадқиқоти гузаронидашуда ин шаҳрвандони аз 20 сола боло буданд. Тадқиқоти скринингӣ давом дода шуда истодааст.
Натиҷаҳо ва муҳокимаҳо
Дар муддати 5 соли охир, болоравии нишондодҳои бемориҳои дилу рагҳо дида ме-__шавад. Аммо таҳлилҳои пешниҳодшудаиоморӣ, чи дар алоҳидаги аз ноҳияҳо ва шаҳрхо ва чи дар кишвар, дар давраҳои солҳои 2008-2009 фарқкунанда буда, баландшавии устувори беморшавиро нишон медиҳад [3].
Дар ҷумҳури, бемориҳои андоми хунгардиш дар давраи солхои 2008-2009, ба 100 000 аҳоли мутаносибан аз 991,1 то 1031,3 ё ҳамаги ба 4% баланд шудааст, аз он ҷумла беморишавии аввалия аз баландшавии фишорбаландии шараёнӣ (ФШ) ба 12,3% (аз 308,5 то 346,5), ва бемории ишемиявии дил (БИД) қариб ба 14% баланд рафтааст. Ҳамин тавр маълум мешавад, ки асосан болоравии беморшави аз ФШ ва хусусан БИД мебошад. Бо вуxуди ин тамоюли баръакс ва нишондодҳои фарқкунанда дар вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва шаҳри Душанбе дида мешавад. Агар дар ш. Душанбе пастшавии сатҳи беморшавии аввалия бо бемориҳои дилу раг 1,3% бошад, он гоҳ пастшавии ин нишондод дар вилояти Суғд дар сатҳи 9,1% мебошад ва дар ВМКБ бошад 10,4% -ро ташкил медиҳад. Пастшавии ин нишондод (ба 346,3%) аз ҳисоби пастшавии сатҳи бақайдгирии ФШ (аз сатҳи 665,9 дар 100 000 аҳоли то сатҳи 149,2) ба чашм мерасад. Агар умуман дар ВМКБ пастшавии нишондодҳо азФШдида шавад, пас баръакс баландшавии сатҳи бемориҳои аввалия дар БИД (аз 149,2 то 211,1 ё 41,5%) дида мешавад. Таҳлили нишондодҳои пешниҳодшуда аз вилояти Суғд нишон медиханд, ки сатҳи беморшавии аввалияи бемориҳои дилу раг паст рафтааст. Ҳамин гуна ҳолат дар вилояти Хатлон дида мешавад. Ҳангоми болоравии умумии бемории дилу рагҳо, ба монандиФШва БИД, дар 12 ноҳияҳои ин вилоят пастшавии нишондиҳанда бо ФШ ва дар 13 ноҳияҳо пастшавии нишондиҳанда бо БИД дида мешавад. Пахншавии БИД дар шаҳри Душанбе аз 560,2 то 1131,8 ба ҳар 100 ҳаз. нафар аҳоли, ки ин ба 102,0% баландшавиро нишон медихад. Паҳншавии омилҳои хатари БИД дар солхои 2004-2009 болоравии нишондиҳандаҳои бемории диабети қанд аз 458,5 то 1458,3 ба 100 ҳаз. нафар аҳоли (218,0%); фарбеҳӣ аз 29,9 то 91,5 (206%), фишорбаландии шараёнӣ бошад, аз 855,8 то 2179,2 ба 100 ҳаз. нафар аҳоли (154,6%). Ба ғайр аз ин муайян шуд, ки дар байни аҳолии калонсолон паҳншавии гиперхолестеринемия 21%, тамокукашӣ 32%, сарбории асабонӣ ва гиподинамия 35%-ро ташкил медихад [2;3;9].
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:
1. Власов В.В. Эпидемиология в современной России / В.В. Власов //Международный журнал медицинской практики.- 2001.- №2.- С.27-31.
2. Демографический ежегодник Республики Таджикистан 2009 года // Государственный комитет статистики Республики Таджикистан. — Душанбе, 2008-2010. — 83с.
3. Здоровье населения и здравоохранение в 2009 году.- Министерство здравоохранения РТ, Центр медицинской статистики и информации. -Душанбе. -2010.- 553с.
4. Клиническая эпидемиология. Основы доказательной медицины. Флетчер Р., Флет-чер С., Вагнер Э. Пер. с англ.- М.: Меди-аСфера, 3-е изд., 2004.-352 с.
5. Корнильева И.В. Медикосоциальные факторы формирования "сердечнососудистого" здоровья населения/ И.В. Карнильева, С.А. Шальнова, К.И. Иванов// "Профилактическая медицина (Профилактика заболеваний и укрепление здоровья)"- 2005
6. Оганов Р.Г. Роль здорового образа жизни в стратегии охраны здоровья населения / Р.Г. Оганов, А. Шальнова, Г.Я. Масленникова, А.Д. Деев //Российские Медицинские Вести.-2001.-№6(3).- С.34-37.
7. Рахимов З. Я. Ассоциация кардиологов Республики Таджикистан и внедрение современных руководств клинической практики на уровне первичной медикосанитарной помощи./ З.Я. Рахимов //Материалы конгресса. Российский национальный конгресс кардиологов. Конгресс кардиологов стран СНГ. — Москва.-2007- С. 258
8. Рахимов З.Я. Ассоциация кардиологов РТ и проблемы кардиоваскулярных заболеваний / З.Я. Рахимов, Х.К. Одинаев, Р.К. Пулатов // Материалы XIV ежегодной научно-практической конференции ТИППМК с международным участием.- Душанбе, 2008г, С 59"
9. Рахимов З.Я. Современные проблемы диагностики и профилактики ИБС в Таджикистане / З. Я. Рахимов //Центрально-Азиатский журнал сердечнососудистой хирургии. II съезд сердечнососудистых хирургов стран Центральной Азии и III республиканская конференция кардиологов Таджикистана. Душанбе.- 2008. С. 192-194
Комментарии