КАФЕДРАИ СИХАТИИ ҶОМЕА, ИКТИСОД, ИДОРОТ (МЕНЕҶМЕНТИ) ТАНДУРУСТИ БО КУРСИ ОМОРИ ТИББИ ТАИ 20 СОЛИ ФАЪОЛИЯТ
КАФЕДРАИ СИХАТИИ ҶОМЕА, ИКТИСОД, ИДОРОТ (МЕНЕҶМЕНТИ) ТАНДУРУСТИ БО КУРСИ ОМОРИ ТИББИ ТАИ 20 СОЛИ ФАЪОЛИЯТ
Ахмедов А., Касымова М.К.
Кафедраи сиҳатии ҷомеа, иқтисод, идороти (менеҷменти) тандурустӣ бо курси омори тиббии ДТИБКТТ
Ахмедов А., Касымова М.
КАФЕДРА ОБЩЕСТВЕННОГО ЗДОРОВЬЯ, ЭКОНОМИКИ, УПРАВЛЕНИЯ (МЕНЕЖДМЕНТ) ЗДРАВООХРАНЕНИЕМ С КУРСОМ МЕДИЦИНСКОЙ СТАТИСТИКИ ЗА 20 ЛЕТ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ
Кафедра общественного здоровья, экономики, управления (менеджмент) здравоохранением с курсом медицинской статистики ТИППМК
Akhmedov A., Kasymova M.K.
THE CHAIR OF PUBLIC HEALTH, ECONOMICS, HEALTH MANAGEMENT WITH A COURSE OF MEDICAL STATISTICS FOR 20 YEARS OF ACTIVITY
Department of Public Health, Healthcare Economics and Management with a course of medical statistics of Tajik Institute of Post-Graduate Education of Medical Staff
Аннотация
Проводимая реформа в системе здравоохранения, также как и в других отраслях народного хозяйства, требует качественного повышения уровня управления в секторе здравоохранения. Современный менеджер должен иметь глубокую теоретическую подготовку в области принятия эффективных решений и обладать необходимыми практическими навыками. Деятельность кафедры по подготовке менеджеров здравоохранения осуществляется путем постоянного поиска новых решений в образовательном процессе. В данной статье описана история организации кафедры, произведен анализ учебно-методической и научной работы за 20 лет деятельности.
Ключевые слова: деятельность, общественная гигиена, управление здравоохранением, общественное здоровье, последипломное образование
Ongoing reform in the health system, as well as in other sectors of national economy, requires qualitative increase of the level of management in the health sector. The modern manager must have a deep theoretical training in making effective decisions and have the necessary practical skills. Activity of the chair for training health managers is carried out by the constant search for new solutions in the educational process. This article describes the history of the organization of the department, performed the analysis of educational-methodical and scientific work for 20 years activities. Key words: activity, public hygiene, health management, public health, postgraduate education
Мухимияти мавзуъ
Таъиноти «сихатии чомеа» чунин фанне мебошад, ки чавобгуи раванди сиесати пешгирифтаи ичтимоии чамъият, давлат ва чавобгуи барномахои ичтимоии кабул намудаи он ва омузиши конунияти саломатии чамъият ва тандурусти дар давраи гузариш ба иктисоди бозоргони равона карда шудааст. Такмили ихтисос ва ихтисосгирии баъдидипломии рохбарони муассисахои тандурустии чумхури, баланд бардоштани малакаи рохбари дар шароити нави бозоргони масалаи бехад мухим ва доимии руз ба шумор меравад.
Максад
Тахлили корхои таълиму тарбияви ва илмии кафедраи сиҳатии ҷомеа, иқтисод, идорот (менеҷменти) тандурустӣ бо курси омори тиббӣ дар тули 20 соли фаъолият.
Материал ва роххо
Тахлили хуччатхои ташкилебии кафедра, мавзуъхои илми, нишондодхои гузаронидани курсхои такмили ихтисос, ихтисосгирии аввалия ва тайер намудани кадрхои илми дар тули 20 соли фаъолияти кафедра
Натичахо ва мухокима
Кафедраи сихатии чомеа, иктисод, идорот (менечери) тандурусти бо курси омори тибби яке аз нахустин кафедрахои Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Точикистон мебошад ва дар соли аввали ташкилебии Донишкада фаъолияти худро огоз намуд.
Кафедраи мазкур дар Чумхурии Точикистон ягона сохтори педагоги дар сохаи тандурусти мебошад, ки дар бахши такмили ихтисос ва ихтисосгирии баъдидипломии рохбарони муассисахои тандурустии чумхури фаъолият дорад.
Соли 1993, баъд аз ташкил шудани Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Точикистон (ДТИБКТТ) кафедраи «Гигиенаи ичтимои, ва идороти тандурусти» таъсис ефт, ки сарварии онро номзади илми тиб, дотсент Авазов Мустафо Авазович (1993 — 1994) ба ухда дошт. Аз соли 1995 то соли 1998 кафедраро н.и.т. Иномов Джура Иномович рохбари карда, аз соли 1998 то соли 2004 сарварии онро н.и.т. Муллоев Алиберди Муллоевич ба ухда доштанд.
Таи ин солхо (1993-2004) мавзуи илмии кафедра «Сихатии чомеа» тасдик шуда буд ва кормандони кафедра дар ин раванд тахкикотхои илми оиди якчанд пахлухои сихатии чомеа гузаронида, маводхои таълимию услуби оиди санчиши сихатии чомеа, аз он чумла маколахои илми чоп намуданд.
Аз соли 2004 мудири кафедра корманди шоистаи Точикистон д.и.т., профессор Аламхон Ахмедов мебошанд. Аз 01. 10. соли 2004 кафедра ба «кафедраи сихатии чомеа, иктисод, идорот (менечери) тандурусти бо курси омори тибби» тагйири ном намуд. То вактхои охир номи ин таълимот хамчун фанни таълими ва илм «Гигиенаи ичтимои ва ташкили тандурусти» ном бурда мешуд. Давраи хозира, аз сабаби он, ки давраи гузариш ба иктисоди бозоргони ба хисоб меравад ва дар назди сохаи тандурусти ба монанди хама дигар сохахои хочагии халк ва кули чомеа масъалахои тачдид, бозсози ва ислохоти ин сохахоро гузашта истодааст, табиист, ки ибораи (термини) «Гигиенаи ичтимои» ба хама чанбахои хоси фарккунандаи ин давра ба пурраги ва дуруст чавобгу буда наметавонад. Аз хамин лихоз дар хамон давра вакте расида буд, ки номи ин таълимотро хамчун фанни таълими ва илм аз нав тачдид намоянд. Аз хамин лихоз, фанни «Сихатии чомеа ва тандурусти» назар ба дигар фанхо бештар дида ба халли масъалахои конунияти саломатии чамъият ва тандурусти, пешнихододхои аз чихати илми асосноки стратегия ва тактикаи мухофизат ва ташкили тарзи расонидани кумаки тиббию санитари ба ахоли равона менамояд.
Давраи гузариш ба иктисоди бозоргони масъалахои нав ба навро ба миен овард ва дар ин чода фаъолияти рохбарони соха хеле дигаргун шуда, чустучуи роххои нави рохбариро металабад, аз он чумла, ба таври мохирона истифодабари ва хал намудани масъалахои иктисоди, молияви, маркетинг ва идороти соха дар шароити кунунии чумхури.
Аз ин лихоз, кормандони кафедра барои баланд бардоштани сифати таълим дар кафедра кушиш менамоянд. Кафедра барои баланд бардоштани малакаи рохбари дар шароити нави бозоргони даврахои такмили ихтисос дар мавзуъхои «Идороти кумаки аввалияи тиббию санитари (барои рохбарони муассисахои КАТС)», «Масъалахои мубрами сиесат, тархрези, иктисодиет, молияви ва омори тибби (барои рохбарони муассисахои сохаи тандурусти)», «Масъалахои таъминоти иттилоотии идороти тандурусти (барои кормандони сохаи омори тибби бо маълумоти миенаи тибби)», «Менечмент дар шугли хамширагии тибби (барои хамширахои калони муассисахои тиббию пешгирои)», «Коргузори дар муассисахои тандурустии Точикистон» ва гайра ташкил намуда омузиши ин даврахо бо таври модули ба рох монда шудааст.
Гайр аз он, дар кафедра даврахои омузиши кутохмуддат барои шунавандагони кафедрахои хамхудуд ташкил гардида, аз руи барномахои махсус дар мавзуи «Баходихи ба саломатии ахоли ва фаъолияти муассисахои тандурусти» (давраи дурӯза) ва «Асосхои омори тибби» (давраи шашруза) омузиш гузаронида мешавад.
Аз соли 2005 дар кафедра шакли нави тахсили таълими – ихтисосгирии рузонаю гоибона (бо кисман тарки чои кор) даврахои шакли тахсилоти фарди тибки барномахои омузиши махсуси фарди бо мухлати 2 соли тахсил аз руи тахассуси «Менечери сохаи тандурусти» ташкил карда шудааст.
Барои баланд бардоштани такмили ихтисос ва ихтисосгирии шунавандагон дар кафедра хамаи шароитхо, аз чумла синфхонахо, асбобхои хозиразамони техники – компютерхо, кодоскоп, мултимедиа, адабиет дар китобхонаи кафедра ва донишкада мухайе карда шудааст. Барномахои таълими бо таври модули тартиб дода шуда, пештест ва тестхои имтихони бо истифодаи компютер гирифта мешаванд.
Бо максади фаро гирифтани рохбарони хамаи зинахо (марказхои саломатии дехот, марказхои саломатии нохия, марказхои саломатии шахр, вилоят, табобатхонахо) кафедра даврахои сайерро дар нохияхо, вилоятхо ва муассисахои алохида ташкил мекунад (расми 1).
Расми 1. Шумораи давраҳои таҳсили сайёр барои роҳбарони (менеҷерони) муассисаҳои табобатию пешгироӣ ва фармасевтии ҷумҳурӣ дар солҳои 2000–2012
Чуноне, ки дар расм оварда шудааст, дар давраи 20 сол микдори даврахои сайер 43 ададро ташкил кард, ки дар онхо зиеда аз 140 нафар рохбарони муассисахои тандурусти такмили ихтисосро гузаштанд.
Хамин тарик, дар тули 20 соли фаъолият зиеда аз 320 духтурони интерна, 110 ординаторхои клиники, 3200 шунавандагони даврахои ихтисосгирии аввалия, 520 духтурон дар мавзуи «Идороти кумаки аввалияи тиббию санитари» барои рохбарони муассисахои КАТС, 549 духтурон дар мавзуъи «Масъалахои мубрами сиесат, тархрези, иктисодиет, молияви ва омори тибби (барои рохбарони муассисахои сохаи тандурусти),13 менечерони нигахдории тандурустии чомеа, 802 нафар хамширахои калони муассисахои тиббию пешгирои, 69 нафар кормандони сохаи омори тибби бо маълумоти миенаи тибби такмили ихтисосро гузаштаанд (расмхои 2, 3, 4).
Аз соли 2012 мувофики карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар хусуси Созишномаи дутарафаи Вазорати маорифи ЧТ ва Вазорати тахсилоти олии Чумхурии Исломии Афгонистон оид ба хамкори дар сохаи тахсилоти оли» 2 нафар табибони Чумхурии
Расми 2. Теъдоди табибон – роҳбарони (менеҷерони) муассисаҳои табобатию пешгироӣ ва фармасевтӣ дар солҳои 2000–2012
Расми 3. Раванди такмили ихтисоси шунавандагон-роҳбарони (менеҷерони) миёнаи тиббӣ дар солҳои 2000-2012
Расми 4. Шумораи хатмкунандагони давраи ихтисосгирии аввалия дар бахши «Менеҷери соҳаи тандурустӣ».
Исломии Афгонистон ба давраи магистратура ихтисосгирии аввалия аз руи тахассуси «менечерони нигахдории тандурусти» аз руи барномахои инфироди кабул карда шудаанд ва таълим гирифта истодаанд.
Мавзуи илмии кафедра ба масъалахои бо рохи гузаронидани тахкикотхои илми асоснок гардонидани раванди ислохоти сохаи тандурусти ва назарияи дурнамои сохаи тандурусти дар давраи гузариш ба иктисоди бозоргони равона гардидааст. Дар ичрои он н.и.т. доцент Косимова М.К, н.и.т. ассистент Муллоев А.М., мудири курси омори тибби Хусаинова А.А., аспирант Комилов Ф., 19 унвончуен барои гирифтани унвони номзади илмхои тиб ва 4 унвончуен барои гирифтани унвони доктори илмхои тиб кор карда истодаанд. Дар ин муддат аз тарафи кормандони кафедра 34 дастури таълими, 42 дастури методи, 448 маколахою тезисхо дар мачаллахои дохилию беруни, аз он чумла 9 монография, 35 усули нави таълим, 18 усули нави ташхис ва табобат, 12 пешниходи ратсионали ба табъ расонида шудааст (расми 5).
Яке аз самтхои фаъолияти кафедра тайер намудани кадрхои илми ба шумор меравад. Дар инчода кормандони кафедра кушиши
Расми 5. Фаъолияти илмии кафедра дар солҳои 1994-2012 мақолаҳо ва тезисҳои ба чоп расида.
Расми 6. Раванди тайёркунии кадрҳои илмӣ дар солҳои 2006-2012
зиеде сарф менамоянд. Тайер намудани кадрхои илми бо рохи кабули аспирантон ва чалб намудани унвончуен гузаронида мешавад (расми 6). Тавре ки аз расми 6 бармеояд, шумораи мутахассисон ки дифои рисолаи номзади илми тибро химоя кардаанд, сол то сол зиед шуда, дар тули 20 соли фаъолият тахти рохбарии д.и.т., профессор А. Ахмедов 4 рисолаи доктори, 26 рисолаи номзади илмхои тиб химоя гардидааст.
Кафедраи сихатии чомеа, иктисод, идорот (менечери) тандурусти бо курси омори тибби бо ташкилотхои байналмилали (Ташкилоти Умумичахонии тандурусти, ЮНОДС, Здрав Плюс, Бонки Рушди Осие, Хазинахои Ого-Хон ва Сорос, Хадамоти тандурустии Ого-Хон, Академияи Илмхои тиббии Русия, Мактаби сихатии чомеаи Чумхурии Казокистон ва г.) дар омухтани масъалахои ислохоти тахсили баъдидипломи дар Чумхурии Точикистон алокаи зич дорад
Хамин тарик, кормандони кафедра тамоми кушишу гайрати худро барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани малакаи рохбарии рохбарони муассисахои тиббию пешгирои ва тарзи ташкили хизматрасонии тибби, ки ба расонидани хизматрасонии босифат ба ахолии чумхури равона шудааст, ба харч медиханд.
Хулоса
Давраи хозира, аз сабаби он, ки давраи гузариш ба иктисоди бозоргони ба хисоб меравад ва дар назди сохаи тандурусти ба монанди хама дигар сохахои хочагии халк ва кули чомеа масъалахои тачдид, бозсози ва ислохоти ин сохахоро гузошта истодааст, масъалахои нав ба навро ба миен овард ва дар ин чода фаъолияти рохбарони соха хеле дигаргун шуда, чустучуи роххои нави рохбариро металабад, аз он чумла, ба таври мохирона истифодабари ва хал намудани масъалахои иктисоди, молияви, маркетинг ва идороти соха дар шароити кунунии чумхури. Дар макола омузиши таърихи кафедра, тахлили кори таълимию методи, корхои илмии кафедра дар тули 20 соли фаъолият оварда шудааст.
Сведения об авторах:
Ахмедов Аламхон — заведующий кафедрой общественного здоровья, экономики, управления (менеджмента) здравоохранением с курсом медицинской статистики ТИППМК, д.м.н., профессор
Касымова Мавджуда Касымовна — доцент кафедры общественного здоровья, экономики, управления (менеджмента) здравоохранением с курсом медицинской статистики ТИППМК, к.м.н.
Контактная информация:
Ахмедов Аламхон Ахмедович — моб.: +992919936622; раб.: 2360690
Комментарии