ТАРТИБИ ИРСОЛ КАРДАНИ МАҚОЛАҲО
ТАРТИБИ ИРСОЛ КАРДАНИ МАҚОЛАҲО
Ҳангоми батартибдарории мақолаҳо барои чоп кардан, ҳайати таҳрияи маҷаллаи
«Паёми таҳсилоти баъдидипломии соҳаи тандурустӣ» аз шумо хоҳиш менамояд, ки тартиботи зерин риоя карда шавад:
- Маводи барои нашр ирсолшаванда бояд бо ҳуруфи стандартии 14 бо фосилаи 1,5 дар як тарафи варақи стандартии шакли А4 (210х297) бо доираҳои 3 см аз чап ва 1,5 см аз рост чоп карда шавад. Дар саҳифаи чопшуда бояд 29-30 хат (1800 нишона, аз ҷумла фосила) бошад. Мақолаҳо бо ду нусха ва ҳатман мавҷуд будани мавод дар шакли электронӣ қабул карда мешаванд.
- Дар аввали саҳифаи якум УДК, насаб ва ҳарфҳои аввали ном ва номи падари муаллиф ва ҳаммуаллифон; номи мақолла пурра бо ҳарфҳои калон; маълумот дар бораи муассиса, аз ҷумла кафедра, шуъба ё озмоишгоҳ, шаҳр, қайд карда мешаванд.
Мақола бояд аз ҷониби муаллиф ва ҳаммуаллифон бо нишондоди насаб, ном ва номи падар пурра, ҷойи кор, вазифа, дараҷа ва унвон имзо карда шавад. Маълумоти тамосии як муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, телефон ва суроғаи электронӣ ишора карда мешавад.
Ҳаҷми тавсияшавандаи мақолаҳо – 8-10 саҳифа, шарҳи мушоҳидаҳои алоҳида – 5 саҳифа, шарҳи адабиёт – 15 саҳифа (пеш аз матн бояд хулоса бо тарҷумаи он бо забони англисӣ ҷой дошта бошад) маълумот, мактуб ба ҳайати таҳрия ва дигар маводҳо – 3 саҳифа бошанд.
- Тадқиқотҳои аслӣ бояд сохтори мазкурро дошта бошанд. Пешгуфтор, ки дар он бо шакли мухтасар (150-250 калима) қайд карда мешавад: мақсади тадқиқот, мавод ва усулҳо, натиҷаи баррасии онҳо, хулоса ё натиҷагирӣ, калидкалимаҳо (3-10 калима) барои зарибгузории мақола дар низомҳои маълумотӣ-ҷўстуҷўӣ. Барои мақолаҳои ба таври васеъ таҳиягардида, дар пушгуфтор мубрамият, муҳтавои мухтасари мақола ва калидкалимаҳо (100-200 калима) дарҷ мегардад. Пешгуфтор бояд бо забони англисӣ тарҷума дошта бошад. Баъдан бояд ояд: муқаддима (он бояд мухтасар бошад ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба мақсади масъалаи таҳқиқшуда, мубрамияти он ва вазифаҳои таҳқиқот) ҷалб намояд; мавод ва усулҳои таҳқиқот (тавсифоти миқдорӣ ва сифатии муоинашудагон, усулҳои таҳқиқот ва тарзҳои коркарди маълумотҳои оморӣ оварда мешаванд); натиҷаҳои таҳқиқот (бо пайдарҳамии дуруст бо матн, ҷадвал, расмҳо оварда мешаванд); баррасӣ ва хулоса (ҷанбаҳои нав ва муҳими таҳқиқот, муқоиса бо маълумоти дигар манбаҳо, тавсияҳои асоснок ва хулосаи мухтасарро дар бар мегирад).
- Ҳангоми дар якҷоягӣ бо ҳаммуаллифон таҳия кардани мақола, ҷой надоштани нофаҳмиҳо дарҷ карда мешавад.
- Ҳангоми коркарди мавод системаи воҳидии СИ истифода мешавад. Мақола бояд аз тарафи муаллиф пурра санҷида шавад: иқтибосҳо, формулаҳо, ҷадвалҳо, вояҳо аз тарафи муаллиф дар доираҳо дарҷ карда мешаванд. Дар эзоҳи иқтибосҳо манба (муаллиф, ном, нашриёт, сол, ҷузъ, рақам, саҳифа) қайд карда шавад.
- Дар мақола бояд танҳо расмҳои барои шарҳи матн лозим буда, ки маводҳои ҷадвалро такрор намекунанд, ҷой дошта бошанд. Номи расмҳо дар поёни расм, дар паҳлуи рақами тартибӣ оварда мешавад.
Аксҳои (сафед-сиёҳ ё ранга) бояд возеҳ ва расмҳо-амиқ бошанд. Нусхаи аксҳо боа кси рентгенӣ бо тасвири мусбӣ дода мешаванд.
Ҷадвалҳо бояд маълумоти мухтасар ва заруриро дар бар гиранд. Ҳамаи рақамҳо, ҷамъбаст ва фисадҳо бояд ба маълумоти дар матн овардашуда мувофиқат намоянд. Акси ҷадвалҳо қабул карда намешавад.
- Рўйхати адабиёти истифодашуда мувофиқи тартиби алифбо (аввал муаллифони ватанӣ ва баъдан хориҷӣ) мутобиқи ГОСТ-и Р 7.0.5.- 2008 тартиб дода мешавад, инчунин транслитератсия сувофиқи манбаи байналмилалии маълумот ва нашрияҳои ахборотӣ-маълумотӣ (бо дарназардошти зариби иқтибоснамоӣ) пешниҳод карда мешаванд. Дар матн ишораҳо ба рақами тартибӣ бо қафсайнҳои чоркунҷа дода мешаванд.
Ишораҳо ба корҳои нашрнагардида роҳ дода намешаванд.
Шумораи манбаҳо барои хулоса на зиёда аз 30, дар мақола 7-10 ва ҳамаи онҳо дар давоми 5 соли охир бояд нашр шуда бошанд.
- Ба ҳайати таҳрия равон кардани корҳое, ки ба дигар нашрияҳо ирсол карда шудаанд, ё дар онҳо нашр гардидаанд, мумкин нест.
- Ҳайати таҳрия ҳуқуқи кутоҳ кардан ва тақризкунонии мақолаҳоро дошта, ҳангоми тақризи манфӣ радномаи далелноки хаттӣ дода мешавад.
- Мақолаҳое, ки мувофиқи тартиботи зикргардида батартиб дароварда нашудаанд, ба муаллифон бе баррасӣ бар гардонида мешаванд.
- Аз муаллифони мақоллаҳо барои нашри дастхат маблағ гирифта намешавад.
Мақоллаҳоро ба суроғаи мазкур ирсол кардан лозим аст: ш.Душанбе, хиёбони И.Сомони 59, Раёсати илм ва инноватсияи МДТ ДТБКСТ ҶТ, утоқи №5.
Сармуҳаррири маҷаллаи
«Паёми таҳсилоти баъдидипломии
соҳаи тандурустӣ» д.и.т, профессор Муҳиддин Н.Д.