ЭПИДЕМИОЛОГИЯИ БЕМОРИҲОИ ЗАМБУРУГИИ НОХУНХО ДАР Ш.ДУШАНБЕ

ЭПИДЕМИОЛОГИЯИ БЕМОРИҲОИ ЗАМБУРУГИИ НОХУНХО ДАР Ш.ДУШАНБЕ

Салимов Б.М., Садиев С.Х., Каримов Х.А., Ганиев С.Д.

Кафедраи бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ.

 

Муқаддима. Мувофиқи нишондодҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурусти, зиёда аз 1/3 аҳолии Дунё гирифтори бемориҳои замбуруғӣ мебошанд .[1,2] Диққати асосиро

масъалаи микози кафи пойҳо бо иллатёбии нохунҳо ҷалб мекунад, зеро 20-55% беморони замбуруғиро ташкил дода, асосан дар байни истиқоматкунандагони шаҳрҳо, шахсони калонсолу пиронсол во мехурад ва мушкил табобат шаванда буда моил ба такроршавӣ мебошад.[3,4]

Ангезандагони асосии микози нохунҳо замбуруғҳои антропофилии Trichophyton rubrum ва Trichophyton mentagrophytis var.interdigitale, хело камтар Candida albicans ва замбуруғҳои мағори мебошанд, зудвохурии ин бемориҳо ҳам дар минтақаҳои гуно- гуни Дунё, инчунин дар дохили мамлакатҳо гуногун мебошад[5].

Мақсади тадқиқот — эпидемиологияи бемориҳои замбуруғии нохунҳо дар ш.Душанбе.

Мавод ва усулҳо. Аз тарафи мо бемории замбуруғии нохунҳо дар байни аҳолии ш.Душанбе бо роҳи муоинаи тиббии мақсадноки хона ба хона ва муроҷиати беморон ба Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳрави омухта шуд. Бо роҳи муоинаи тиббии мақсадноки хона ба хона 2935 истиқоматкунандаи ш.Душанбе бо синну соли аз 18 то 86 сола дида шуд. Мардҳо 1312 (44,7%), занҳо -1623 (55,3%) нафар буданд. Дар синну соли аз 18 то 30 сола дида шуд 983 нафар (м-459, з-524), 31-40 сола -775 (м-338, з-437), 41-50 сола — 624 (м — 293, з — 331), 51 -60 сола — 327 (м — 134, з — 193), 61-70 сола — 154 (м — 61, з — 93), аз 70 сола боло — 72 (м — 27, з — 45). Ҳамагӣ 1263 бемори пӯст муайян шуд, ки 43% шахсони калонсоли муоинашударо ташкил медиҳад. Бемориҳои замбуруғи дар 611 нафар муайян шуд, ки 48,4% аз ҳисоби умумии беморони пӯст, ё ки 20,8% аз ҳисоби умумии аҳолии муоинашудаи ш.Душанбе мебошад. Бояд қайд кард, ки ташхиси бемории замбуруғи дар асоси нишонаҳои клиникӣ ва ёфтани ангезанда ҳангоми муоинаи микроскопии масолеҳи ғайримуқарари аз пулакчаҳои пусти мавзеи осебёфта ва нохунҳои осебёфта гузошта шуд.

Дар байни 397 беморони микози кафи пой дар 102 (25,7%) нафар микози нохунҳо (онихомикоз) муайян карда шуд, ки 16,7% аз ҳисоби умумии беморони замбуруғи, 3,5% аз ҳисоби умумии муоинашудагон, 8,1% аз ҳисоби умумии беморони пӯстро ташкил медиҳад. Синни миёнаи беморони онихомикоз 44,8 ± 0,5 сол (мардҳо — 46,7 ± 0,6, занҳо — 42,5 ± 0,7)-ро ташкил дод. Аз 225 мард, ки бемории микози кафи пой доштанд, 57 нафарашон онихомикоз низ доштанд, яъне 25,3% ё ки 4,3% аз ҳисоби умумии мардҳои муоинашуда. 45 (26,2%) зан дар байни 172 занҳое, ки микози кафи пой доштанд, инчунин онихомикоз доштанд, ки 2,8% аз ҳисоби умумии занҳои муоинашуда мебошад. Аз нишондодҳои додашуда бармеояд, ки бемории онихомикоз дар мардҳо, нисбати занҳо 1,5 маротиба зиедтар вомехурад. Бемории онихомикоз дар синну соли гуногун мухталиф буд. Дар синни аз 18 то 40 — 2,9% (байни мардҳо —

3,6%, байни занҳо — 2,3%), дар синни аз 41 то 60 сола — мутаносибан 4,0% (4,9% ва 3,2%), аз 60 сола боло — 5,8% (7,9% ва 4,3%). Мутаносибияти бемори дар гуруҳҳои синну соли — зиеда аз 60 — сола, аз 41 то 60 сола ва аз 18 то 40 сола чунин — 2:1,5:1 мебошад. Байни мардҳо дар гуруҳҳои зерин — 2,2:1,4:1, байни занҳо — 1,9:1,3:1.

Аз тарафи мо беморшави бо онихомикоз дар байни аҳолииш.Душанбе, инчунин аз рӯи

нишондодҳои муроҷиати беморон ба Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳрави (МШБПЗ) дар давраҳои солҳои 2007 – 2009 бо муқоиса ба солҳои 1997 — 1999 омӯхта шуд. Ҳамаги дар солҳои 2007-2009 ба МШБПЗ оиди бемориҳои гуногуни пӯст муроҷиат карданд (якумин бор) 15168 нафар шахсони калонсол. Беморон бо бемориҳои гуногуни пуст 1171 (7,7%) нафар буд. Дар байни беморони гуногуни замбуруғи, бо микози кафи пой будунд 963 (82,2%) нафар. Мардҳо буданд 609 (63,2%), занҳо – 354 (36,8%). Дар соли 2005 аз 365 беморони замбуруғи бо микози кафи пой буд 298 (81,6%), дар 2006 сол аз 394 — 320 (81,2%), аз 412 дар 2007 сол — 345 (83,7%). Дар 3 сол аз 963 бемори микози кафи пой бо онихомикоз 99 (10,3%) нафар муайян шуд. Мардҳо зиедтар ба кайд гирифта шудаанд — 61 (61,6%) бемор, нисбати занҳо — 38 (38,4%), таносуб 1,6 : 1. Синну соли беморони онихомикоз аз 17 то 83 сола буд. Синни миенаи беморон 43,2 ± 0,5 сола (дар мардҳо — 45,1 ± 0,7 сола, дар занҳо — 41,1 ± 0,2 сола). Бояд қайд кард, ки ҳар сол зиедшавии миқдори беморони онихомикоз ба назар мерасад. Масалан, агар дар МШБПЗ соли 2007 аз 298 бемори микози кафи пой дар 22 (7,4%) нафар онихомикоз муайян шуда бошад, дар соли 2008 аз 320 бемори микози кафи пой 31 (9,7%) нафар онихомикоз, дар соли 2009 аз 345 — 46 (13,3%)нафар бемори онихомикоз муайяншудааст. Зудии онихомикоз аз синну соли беморон вобастагӣ дошт. Дар гуруҳи беморони синни аз 18 то 40 сола беморшави бо онихомикоз ташкил дод 6,1% (аз 593 беморони микози кафи пой онихомикоз муайян шуд дар 36 нафар), дар синни аз 41 то 60 сола — 9,6% (аз 418 — дар 41), зиёда аз 60 сола — 14,4% (дар 23 аз 160).

Дар солҳои 1997-1999 ба МШБПЗ-и ш.Душанбе бо бемориҳои замбуруғи якумин маротиба 973 бемори калонсол муроҷиат намуда- аст, ки 6,4% аз ҳисоби умумии беморони пӯст, ки ба МШБПЗ муроҷиат кардаанд, ташкил медихад. Беморон бо микози кафи пой 766 (78,7%), онихомикоз 51 бемор, яъне 6,7% аз ҳисоби умумии беморони микози кафи пой муайян карда шудааст. Мардҳо буданд 34 (66,7%) нафар, занҳо — 17 (33,3%), таносуб 2 : 1.

Синни миенаи беморон 41,4 ± 0,7-ро ташкил дод. Инчунин монанди солҳои 2007-09, ҳамасола зиедшавии муроҷиати беморон бо онихомикоз ба назар мерасад. Дар соли 1997 аз байни 233 бемори микози кафи пой 15 (6,4%) онихомикоз ошкор карда шуд, соли 1998 — аз 253 -17 (6,7%), соли 1999 — 19 (6,8%) аз 280. Беморшави монанди солҳои 2007-09, дар гуруҳи синну соли калонсолтари аҳоли зиедтар ба назар мерасид. Дар гуруҳи синни 18 — 40 сола дар 3 сол аз 381 бемори микози кафи пой, онихомикоз дар 18 (4,7%) бемор муайян карда шуд, 41 то 60 сола аз 278 – 21 (7,6%), зиёда аз 60 сола аз 107 — 12 (11,2%).

Натиҷаи тадқиқотҳо. Чи тавре, ки дар навиштаҳои боло дида мешавад, солҳои 2007 — 09 дар муқоиса ба солҳои 1997 — 99 дар байни бемороне, ки ба МШБПЗ-и ш.Душанбе барои ёрии тиббӣ муроҷиат намудаанд миқдори беморон бо бемориҳои замбуруғи, хусусан бо микози кафи пой зиёд шудааст. Ҳар сол муроҷиати беморон бо онихомикоз зиёдтар ба назар мерасад. Солҳои 2007 — 09 миқдори беморони онихомикоз дар муқоиса ба солҳои 1997 — 99, 2-баробар зиёд шудааст. Дар ин солҳо таносуби беморшави бо онихомикоз аз рӯи муроҷиат байни мардҳо ва занҳо 1,3 маротиба кам шудааст (аз 2 : 1 дар

солҳои 1997-99 то 1,6 : 1 дар солҳои 2007- 09.). Вобастагии беморшавии аҳоли аз синну сол ба назар мерасад. Бо зиёдшавии синну соли беморон, беморшави бо онихомикоз зиёд мешавад.

 

АДАБИЁТ

1. Лукьяненко А.И., Терханова И.В. Этиология и клиника онихомикозов у лиц различных возрастных групп, отягощенных сопутствующей патологией и профессиональными вредностями.// Дерматовенерол., косметол., сексопатол., 2001. Т.1., № 4. С.73-76.

2. Потекаев Н.Н. Заболеваемость дерматофитиями в регионах Российской Федерации и оценка деятельности лечебно-профилактических учреждений страны по выявлению микроспории и трихофитии. // В кн. Тезисы VIII Всеросс. съезда дерматовенерол. М., 2001. Ч. 2. С. 238 — 239.

3. Степанова Ж.В., Скрипкин Ю.К. Опыт применения итраконазола (орунгала) в лечении грибковых заболеваний ногтей и кожи. //Вестник дерматол. и венерол. 2001. № 2. С. 66 — 68.

4. Сергеев А.Ю. Грибковые заболевания ногтей. М.: Национальная академия микологии, 2007. 164 с.

5. Faergemann J., Baran R. Epidemiology, clinical presentation and diagnosis of onychomycosis.// Br.J. Dermatol. 2004. Vol. 149, suppl. 65. P. 1-4

 

Комментарии

Back to Top