Аннотация
Гузаронидани таҳлили ретроспективии паҳншавии нуқсонҳои окклюзионии дар қисмати мавқеъи пешҷойгиршуда аз рӯйи нишондодҳои дандонҳои кандашуда ва баръало шубҳа ба кандандошта дар минтақаҳои гуногуни административии Ҷумҳурӣ.
Ҳангоми гузаронидани баҳои ретроспективӣ нисбати паҳншавии нуқсонҳои окклюзионии дар қисмати мавқеъи пешҷойгиршуда гурӯҳҳои гуногуни синну соли аҳолии куҳансол дар минтақаҳои гуногун, ки солҳои 2015-2024-ро дар бар мегирад, омӯхта шуд. Ҳисоббарории миқдори саҳеҳноки мушоҳидаи ретроспективӣ бо истифода аз формулаи такрорнашавандаи интихоби ретроспективӣ аз кортҳои интихобкарда («Корти муштараки ТУТ-и таҳқиқоти стоматологӣ ва муайян намудани талабот ба табобат») бодарназардошти миқдори умуми онҳо, ки 1020 кортҳои мушоҳидаи ковокии даҳонро ташкил дод, аз ҷумла дар ш. Душанбе (320 адад), вилоятҳои Хатлон (258 адад) ва Суѓд (290 адад), инчунин дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ (152 адад) гузаронида шуд. Синну соли беморон, аз рӯйи кортҳои мушоҳидаи ковокии даҳон, аз 20 сол то 60 ва зиёдаро нишон дод.
Омӯзиши паҳншавии нуқсонҳои окклюзионии дар қисмати мавқеъи пешҷойгиршуда дар байни шахсони муоинашуда вобастагии ростаи нуқсонҳои окклюзионии дар ин қисмат ҷойгиршударо аз омили синну сол муайян намуд. Натиҷаҳои омӯзиши кортҳои ковокии даҳон аз он шаҳодат медиҳанд, ки информативии индекси шиддатнокии нишондоди кариесологӣ ҳангоми омӯзиши ҳам дандонҳои кандашуда ва ҳам намудҳои мураккабиятноки кариесии баръало шубҳа ба кандандошта, хелоҳам барзиёд гашт.
Таҳлили ретроспективии гузаронидашуда ҳангоми омӯзиши шиддатнокии кариесологӣ бодарназардошти нишондодҳои дандонҳои кандашуда ва баръало шубҳа ба кандандошта дар қисмати мавқеъи пешҷойгиршуда байни истиқоматкунандагони мавқеъҳои гуногуни Ҷумҳурӣ аз камбудиҳои барзиёд дар самти ташкилкунонии хизмати стоматологӣ дар байни аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
Тамоюли муайянгардида нисбати зиёдгардии миқдори воҳиди намудҳои мураккабиятноки кариеси дандонҳои кандашуда ва баръало шубҳа ба кандандошта дар қисмати мавқеъи пешҷойгиршуда бодарназардоши зиёдшавии синну солро чунин маънидод кардан мумкин аст, ки дар ин қисмати қатори дандонҳо солимгардонии ковокии даҳон дар намуди мудохилаи ҷарроҳӣ ба амал оварда намешавад.
Маводҳои ба дастоварда оиди омӯзиши талаботи беморони нуқсонҳои дар мавқеъи пешдоштаи қатори дандонҳо ба ёрии ортопедӣ аз зарурияти такмили ин намуди ёрии стоматологӣ ба беморон бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ шаҳодат медиҳанд.
Калимаҳои калидӣ
Матни пурра
Боргирӣ кардани мақола дар PDF
Версияи пурраи мақола дар формати PDF
Феҳристи манбаъ
- Абдулаев БА, Исмоилов АА, Зарипов АР. К вопросу об эндодонтическом состоянии опорных зубов в зависимости от групповой принадлежности и протяженности супраконструкционных элементов. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2022; 3: 5–12
- Шафозода МБ, Гаибов АГ. Организационные аспекты изучения протяженности окклюзионных дефектов у населения Республики Таджикистан. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2020; 4: 9–15
- Исмоилов АА. Результаты определения нуждаемости пациентов в имплантологической стоматологической помощи в зависимости от протяженности окклюзионных дефектов в разных территориально-административных зонах Таджикистана. Медицинский алфавит. Стоматология. 2021; 4(38): 71–76
- Slootweg PJ. Dental Pathology. Springer-Verlag, Berlin; 2023: 176
- Исмоилов АА, Мухидинов ШД, Ёраков ФМ. Результаты использования тромбоцитарной аутологичной плазмы при перирадикулярной деструкции зубов в эстетически значимой окклюзионной зоне. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2021; 1: 21–25
- Муллоджанов ГЭ, Исмоилов АА. Оценка результатов неудовлетворенности пациентов при оказании стоматологической ортопедической помощи с использованием дентальных имплантатов. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2022; 2: 12–17
- Муллоджанов ГЭ, Махмудов ДТ, Исмоилов АА. Клинические результаты количественно-топографической оценки установленных дентальных имплантатов у пациентов с окклюзионными дефектами разной протяженности. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2023; 2: 49–53
- You Z, Cushman M. Tooth loss, systemic inflammation and prevalent stroke among participants in the reasons for geographic and racial difference in stroke study. Atherosclerosis. 2024; 203: 615–619
- Joshipura KJ, Hung HC, Rimm EB. Periodontal disease, tooth loss and incidence of ischemic stroke. Stroke. 2023; 34: 47–52
- Шарипов ХС, Шафозода МБ, Каримов СМ. Результаты использования гигиенических индексов при воспалительном заболевании пародонта, индуцированных несъемными ортопедическими протезами. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2021; 4: 89–93
- Eun-Hee K, So-youn K, Youn-soo S. Korean oral health status national survey report. Int J Psych Rehabil. 2024; 24. DOI: 10.37200/IJPR/V2417/PR2700188
- Isaksson H, Alm A, Koch G. Caries prevalence in Swedish 20-year-olds in relation to their previous caries experience. Caries Res. 2023; 47(3): 234–242
- Saekel R. Comparison of oral health status in Asia: results for 8 emerging and five high-income countries of regions and implications. Chin J Dent Res. 2023; 19(4): 191–206
- Fraihar N. Clinical effectiveness of oral-health promotion in dental caries prevention among children: systematic review and meta-analysis. Int J Environ Res Public Health. 2024; 16(5): 91–96
- Mathur VP, Dhillon JK. Dental caries: a disease with needs attention. Indian J Pediatr. 2023; 85(3): 202–206