«Қоидаҳо»-и мазкур дар асоси «Тавсияҳо оид ба гузаронидан, пешниҳод кардан, таҳрир ва нашри корҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тиббӣ», ки аз тарафи Кумитаи байналмилалии муаллифони маҷаллаҳои тиббӣ (ICMJE; www.icmje.org, таҷдид дар соли 2025) тартиб дода шудаанд, таҳия гардидаанд.

Маълумоти муҳим

Дастнависҳое, ки ба қоидаҳои мазкур мувофиқат намекунанд, аз ҷониби нашрия қабул карда намешаванд. Лутфан, пеш аз пешниҳоди мақола ҳамаи талаботро бодиққат омӯзед.

1

Омода намудани дастнавис

1.1 Талаботи умумии бақайдгирӣ

Қоидаҳои матннигорӣ

Дастнависи мақола бояд ба забони русӣ ва ё англисӣ пешниҳод шуда, бо таҳрири матнии MS Word омода карда шавад:

  • Ҳуруф: Times New Roman, андоза 14 барои матни асосӣ; барои хулоса – андозаи 12;
  • Фосилаи байнисатрӣ: 1,5;
  • Ҳошияҳо: боло – 2,0 см; поён – 2,0 см; чап – 2,0 см; рост – 2,0 см;
  • Рақамгузорӣ: ҳамаи саҳифаҳо, аз варақаи болоӣ оғоз карда, бояд рақамгузории пай дар пай дошта бошанд.

1.2 Ҳаҷми мақолаҳо

Талабот ба ҳаҷм
  • Мақолаи пурраи аслӣ ва хулосаи адабиёт: на бештар аз 18 саҳифа (бо дарбаргирии ҳама қисматҳо).
  • Мушоҳидаҳои сарирӣ: на бештар аз 10 саҳифа.

1.3 Сохтори дастнавис

Унсурҳои сохторӣ
  • Варақаи болоӣ (алаҳида).
  • Хулоса ва калидкалимаҳо бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ.
  • Матни асосӣ: мубрамият, мақсади тадқиқот, мавод ва усулҳои тадқиқот, натиҷаҳо, баррасӣ, хулоса (ҷамъбаст).
  • Рӯйхати адабиёт (тарзи ванкуверӣ).
  • Ҷадвал ва расмҳо (ҳангоми зарурат).
2

Варақаи болоӣ

Унсурҳои ҳатмӣ дар варақаи болоӣ
  • ТУД (Таснифоти универсалии даҳӣ).
  • Дар алоҳидагӣ ба забони пешниҳодшаванда, инчунин ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ: ҳарфҳои аввали ном ва номи падар ва насаби ҳамаи муаллифон, номи пурраи мақола, номҳои расмии муассисаҳо ва макони онҳо (шаҳр, давлат).
  • Номи кӯтоҳшуда барои сарлавҳаи болои саҳифа (на бештар аз 50 аломат бо фосила).
  • Калидкалимаҳо.
  • Маълумот дар бораи муаллифон (ном, насаб ва номи падар пурра, дараҷа, унвон, вазифа, ҷойи кор, суроғаи муассиса, телефон, e-mail).
  • Идентификаторҳои муаллиф (ORCID — ҳатмӣ; ResearcherID, Scopus Author ID, SPIN-рамзи РИНС, Author ID РИНС).
  • Маълумот дар бораи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ихтилофи манфиатҳо, истифодаи зеҳни сунъӣ, шумораи ҷадвалҳо, графикҳо, расмҳо ва саҳифаҳо.
  • Суроға барои мукотиба (ном, насаб, номи падар пурра, дараҷа ва унвони илмӣ, вазифа ва ҷойи кор, индекси почта ва суроғаи пурраи муассиса, телефонҳои тамос, e-mail).
  • Имзои ҳамаи муаллифон.
  • Дар мақолаи аслӣ шумораи муаллифон бояд 6 нафар бошад (ба ғайр аз тадқиқотҳои сермарказӣ).
3

Хулоса ва калидкалимаҳо

3.1 Хулосаи сохтордор (барои мақолаҳои аслӣ)

Талабот
  • Ҳаҷм: 250–300 калима дар ҳар забон (русӣ, англисӣ, тоҷикӣ).
  • Қисматҳо: мақсад, мавод ва усулҳо, натиҷаҳо (бо маълумоти аниқ), хулоса.

3.2 Хулосаи ғайрисохторӣ

Барои мақолаҳои шарҳии адабиёт, мушоҳидаҳои сарирӣ, паёмҳои кӯтоҳ
  • Ҳаҷм: на камтар аз 150 калима.
  • Шарҳи мухтасари мундариҷа бе тақсим ба қисматҳо.

3.3 Калидкалимаҳо

Талабот
  • Шумора: 5–7 калима.
  • Мувофиқи MeSH интихоб мешаванд (https://www.nlm.nih.gov/mesh/meshhome.html).
  • Ҳамроҳи ҳар як нусхаи нашршуда дар ҳама забонҳо оварда мешаванд.
4

Қисмати асосии мақола

4.1 Мубрамият

  • Шарҳи мухтасари адабиёт (нашрияҳои 5-7 соли охир, ба истиснои 1-2 манбаи солҳои пеш аз он).
  • Мубрамият, навоварии илмӣ, аҳамияти амалӣ, масъалаҳои баҳснок ва ҳалношуда.
  • Дар қисмати «Мубрамият» набояд натиҷа ё хулосаи тадқиқоти шахсии муаллиф оварда шавад.

4.2 Тартиби дақиқи мақсади тадқиқот

Мақсад бояд возеҳ, муайян ва аз мубрамият баромада шавад.

4.3 Мавод ва усулҳои тадқиқот

  • Тарҳи тадқиқот: намуд (проспективӣ, ретроспективӣ, тасодуфӣ, гурӯҳӣ, буришӣ ва ғайра), макон ва вақт.
  • Иштирокчиён: меъёрҳои дохил/ихроҷ, хусусиятҳои интихобот, рандомизатсия, намояндагии интихоб.
  • Усулҳо: тавсифи муфассал барои дубора истеҳсолшавӣ, таҷҳизот бо истеҳсолкунанда, доруҳо (INN), истифодаи зеҳни сунъӣ (тавсифи муфассал, таҳрири инсонӣ барои дурустӣ).
  • Ахлоқ: рақами тасдиқи кумитаи ахлоқӣ, риояи Эъломияи Хелсинкӣ, ризоияти хабарноки иштирокчиён, махфияти маълумот.
  • Омор: нармафзор бо версия, усулҳои оморӣ, сатҳи аҳамиятнокӣ (одатан p<0,05), фосилаҳои эътимод.

4.4 Натиҷаҳои тадқиқот

  • Пайдарҳамии мантиқӣ, пеш аз ҳама натиҷаҳои асосӣ.
  • Ададҳо ва фоизҳои мутлақ.
  • Дар матн маълумоти ҷадвалҳоро такрор накунед.

4.5 Баррасӣ

  • Хулосаи ёфтҳои асосӣ, муқоиса бо адабиёт, аҳамияти оморӣ ва клиникӣ, маҳдудиятҳои тадқиқот.
  • Аз такрори маълумот аз «Муқаддима» ва «Натиҷаҳо» худдорӣ кунед.

4.6 Хулоса (ҷамъбаст)

  • Ҷавоб ба саволҳои тадқиқот, тавсияҳои мухтасар ва возеҳ барои беҳбудӣ.
  • Аз изҳороти беасос худдорӣ кунед.
5

Саҳми муаллифон

Меъёрҳои муаллифӣ (ICMJE 2025)

Муаллиф шахсе ҳисоб мешавад, ки ба ҳамаи меъёрҳои зерин ҷавоб гӯяд:

  • Саҳм дар таҳияи консепсия ё тарҳи кор, ҷамъоварии маълумот, таҳлил ё шарҳи маълумот.
  • Иштирок дар навиштани мақола ё боздиди интиқодии мундариҷаи ақлонӣ.
  • Тасдиқи ниҳоии нусха барои нашр.
  • Розӣ будан барои масъулият ба дӯш гирифтан барои ҳамаи ҷанбаҳои кор.

5.2 Маҳдудиятҳо

  • Мақолаҳо дар бораи тадқиқотҳои нопурра ё банақшагирифташуда барои нашр қабул карда намешаванд.
  • Дар як рақам: на зиёда аз 2 кори як муаллиф.
  • Донишҷӯён метавонанд муаллиф бошанд, агар ба меъёрҳои муаллифӣ ҷавоб гӯянд.

5.3 Муаллифи марбута

  • Масъулияти асосии муошират бо маҷалларо ба дӯш дорад, риояи ҳама талаботро таъмин мекунад, бояд дар тӯли тамоми раванди нашр дастрас бошад.
6

Талаботи ахлоқӣ

6.1 Тадқиқотҳои клиникӣ

  • Сабти номи ҳатмӣ пеш аз дохил кардани иштирокчии аввал (феҳристҳо: ClinicalTrials.gov, WHO ICTRP, феҳристҳои миллӣ). Протоколи тадқиқот бояд дастрас бошад.

6.2 Махфияти беморон

  • Ҳама гуна маълумоте, ки беморро муайян мекунад, бояд хориҷ карда шавад. Акси бемор бояд ба сурате пешниҳод карда шавад, ки шахсияшро муайян кардан ғайримкон бошад. Розигии хаттӣ ҳангоми имконнопазирии пурра ном нишон накардан зарур аст. Маълумоти шахсии рентгенограмма ва дигар тасвирҳоро тира кунед.

6.3 Тадқиқотҳо ба ҳайвонот

  • Мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии нигоҳубин ва истифодаи ҳайвонот, тасдиқи кумитаҳои дахлдор, кам кардани азияти ҳайвонот.

6.4 Истифодаи зеҳни сунъӣ (AI)

  • Эъломияи ҳатмии ҳама ҳолатҳои истифодаи AI, тавсифи муфассал дар қисмати дахлдор. AI наметавонад муаллиф ё ҳаммуаллиф бошад. Дурустии ҳама натиҷаҳои бо AI бадастомада бояд санҷида шавад.
7

Рӯйхати адабиёт

7.1 Тарзи бақайдгирӣ

  • Сабки Ванкувер (Vancouver style) мувофиқи ICMJE (пайванд).
  • Рақамгузорӣ мувофиқи тартиби иқтибос дар матн, иқтибосҳо дар қавси чоркунҷа: [1, 2], [1–4], [3, 5–8].
  • Андозаи ҳуруф 12, фосила 1,5.

7.2 Шумораи манбаъҳо

  • Мақолаҳои аслӣ: то 15 манбаъ аз 5-7 соли охир (ба истиснои 1-2 манбаи қадимӣ).
  • Мақолаҳои шарҳии адабиёт: на бештар аз 30 манбаъ.
  • Мушоҳидаҳои сарирӣ: на бештар аз 10 манбаъ.

7.3 Талабот ба манбаъҳо

  • Насаб ва номҳои аввали ҳамаи муаллифон; агар шумораи муаллифон аз 6 зиёд бошад, 6 нафари аввал ном бурда мешаванд ва пас «ва дигарон» (et al.) илова мегардад.
  • Транслитератсияи ҳатмӣ (BGN ё BSI).
  • Санҷиш ба мақолаҳои бозпасгирифташуда (retracted).
Манбаъҳои қобили қабул нестанд
  • Авторефератҳо, фишурдаҳои конференсияҳо, дастурҳои методии таълимӣ, иқтибосҳо аз маҷаллаҳои дарозӣ (хищникӣ), иқтибосҳои номувофиқ ба худ.
Намунаи бақайдирии адабиёт

Ба забони русӣ (6 муаллиф ва камтар): Хакимов ОА, Тиллоева ЗХ, Хорт Р, Шарифов РН, Набирова ДА. Оценка системы эпидемиологического надзора за корью в г. Душанбе, 2023 г. Вестник Авиценны. 2024;26(3):496-507. https://doi.org/10.25005/2074-0581-2024-26-3-496-507

Ба забони русӣ (зиёда аз 6 муаллиф): Хакимов ОА, Тиллоева ЗХ, Хорт Р, Шарифов РН, Набирова ДА, Джафаров НДж, ва дигарон. (ҳамон сарлавҳа).

Ба забони англисӣ: Mirzoev A, Macklin GR, Zhang Y, Mainou BA, Sadykova U, Olsavszky VS, et al. Assessment of serological responses following vaccination campaigns with type 2 novel oral polio vaccine: a population-based study in Tajikistan in 2021. The Lancet Global Health. 2022;10(12):e1807-e1814. doi:10.1016/S2214-109X(22)00412-0.

8

Ҷадвалҳо ва тасвирҳо

8.1 Ҷадвалҳо

  • Пас аз ишораи аввал дар матн гузошта шаванд. Ҳам дар матн ва ҳам ҳамчун файли алоҳидаи MS Word пешниҳод кунед.
  • Рақамгузорӣ бо рақамҳои арабӣ, сарлавҳаҳо худидониста бошанд, сутунҳо ва сатрҳо мувофиқи маълумот номгузорӣ шаванд.
  • Маълумоти оморӣ бо нишон додани усулҳо.

8.2 Расмҳо ва аксҳо

  • Сифат: на камтар аз 300 dpi. Андоза: на камтар аз 80×80 мм (тақрибан 1000×1000 пиксел). Формат: TIFF ё JPEG (файлҳои алоҳида).
  • Тасвирҳо бояд иттилоотӣ ва худидониста бошанд.

8.3 Диаграммаҳо

  • Ҳамчун расм дар матн ва инчунин ҳамчун файли MS Excel пешниҳод кунед. Возеҳ ва муқоисавии ранг, мувофиқати матн.

8.4 Микрофотографияҳо

  • Усули рангкунӣ ва калонкуниро нишон диҳед, дар ҳолати зарурат миқёс ворид кунед.
9

Раванди пешниҳоди дастнавис

Усули пешниҳод

Мақолаҳо бо роҳи электронӣ тавассути веб-сайти маҷалла пешниҳод карда мешаванд: https://www.vestnik-ipovszrt.tj/ru/author_login.php.

Ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ
  • Дастнавис дар формати MS Word.
  • Ҷадвал ва расмҳо дар формати MS Word (файли алоҳида).
  • Графикҳо дар формати MS Excel (файли алоҳида).
  • Равона ба чоп (файли алоҳида) аз ҷониби роҳбари кафедра, муассиса ё шуъба барои муаллифони берунӣ, ки дар он маълумоти зерин оварда шавад: насаб ва номҳои муаллифон, номи мақола, мақола оё қаблан ба дигар маҷалла пешниҳод шуда ё нашр шудааст, маблағгузорӣ ва музди гирифтаи муаллифони барои тадқиқот ё нашр, интиқоли ҳуқуқи муаллифӣ ба нашрия, саҳми муаллифон дар мақола ва тадқиқот, мавҷудияти ихтилофи манфиатҳо.
10

Ҷараёни тақриз

10.1 Намуди тақриз

  • Раванди шаффофи тақриз.
  • Тақризи яктарафаи нобино (муаллифон тақризгаро намешиносанд).
  • Ҳар мақола бояд ақаллан 2 тақризгари мустақили эксперт дар он соҳа дошта бошад. Тақризгарон бояд махфияти маълумотро риоя кунанд.
  • Ҳангоми зарурат экспертҳои байналмилалӣ ҷалб карда мешаванд.

10.2 Меъёрҳои арзёбӣ

  • Навоварии илмӣ ва мубрамият, сифати методологӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, сифати пешниҳод, мувофиқат ба мавзӯи маҷалла.
  • Тақризгарон бояд холисият ва махфияти тақризро таъмин кунанд, маводҳои муаллифонро ба AI нагузоранд. Дар сурати ихтилофи манфиатҳо тақризгар бояд аз арзёбии мақола даст кашад.

10.3 Қарорҳои имконпазир

  • Қабул бе тағйирот; қабул пас аз ислоҳ; рад кардан бо имкони дубора пешниҳод; рад кардан.
  • Пас аз гирифтани тавсияҳо, муаллиф бояд мақоларо ислоҳ кунад. Дар сурати рад кардани ислоҳот, бозпасгирии хаттӣ талаб карда мешавад. Агар пас аз се моҳ аз фиристодани тақриз нусхаи ислоҳшуда нарасад, нашрия мақоларо аз кор мебаровад ва ба муаллиф хабар медиҳад.
  • Дастнависҳое, ки баҳои манфӣ гирифтаанд, дар маҷалла нашр намешаванд ва ба муаллифон баргардонида намешаванд. Арзёбӣҳо дар нашрия ба мӯҳлати панҷ сол нигоҳ дошта мешаванд.
11

Хусусиятҳои намудҳои гуногуни мақолаҳо

Талабот аз рӯи намуди мақола
  • Тадқиқотҳои аслӣ: CONSORT (РКИ), STROBE (мушоҳидавӣ), сабти ҳатмии тадқиқоти клиникӣ, хулосаи сохтордор.
  • Хулосаҳои систематикӣ ва мета-таҳлилҳо: PRISMA, сабти протокол дар PROSPERO, стратегияи муфассали ҷустуҷӯ.
  • Мушоҳидаҳои сарирӣ: CARE, ризоияти ҳатмии беморон, асоснокии нашри ҳолат.
  • Тадқиқотҳои ташхисӣ: STARD, эътиборсанҷии усулҳо, таҳлили ҳассосият ва хоссаят.
12

Ҳуқуқи муаллиф

  • Муаллифон ҳуқуқи муаллифии кори худро нигоҳ медоранд ва ба маҷалла ҳуқуқи нашри аввалинро дар зери иҷозатномаи Creative Commons Attribution License медиҳанд, ки ба дигарон имкон медиҳад кори илмиро бо истинод ба муаллифони аслӣ ва нашри аввал дар ин маҷалла паҳн кунанд.
  • Муаллифон метавонанд шартномаҳои алоҳидаи ғайриинҳисорӣ (масалан, бойгонии институтсионалӣ) бо эътирофи нашри аввал дар ин маҷалла банданд.
  • Муаллифон метавонанд кори худро дар Интернет (масалан, дар бойгонии институтсионалӣ ё вебсайти шахсӣ) танҳо пас аз нашри дастнавис паҳн кунанд.
13

Маълумот барои тамос

Суроғаи нашрия

754026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони И. Сомонӣ, 59, МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ»

Тамос:
Email: vestnik@ipovszrt.tj
Телефон: (+992 372) 50-31-01, 50-31-02
Сомона: https://www.vestnik-ipovszrt.tj/ru/

Сармуҳаррир: Муҳаббатзода Ҷиёнхон Қурбон, д.и.т., профессор
Муҳаррир: Шумилина Ольга Владимировна, н.и.т., дотсент
Котиби масъул: Тиллоева Зулфия Хайбуллоевна, н.и.т.
Мудири нашрия: Рубис Евгения Николаевна

14

Муқаррароти хотимавӣ

Шартҳои ҷамъбастӣ
  • Барои чоп пардохт вуҷуд надорад.
  • Муаллифон ҳуқуқи тадқиқотро нигоҳ медоранд. Мақолаҳо пас аз нашр дастрасанд.
  • Барои дурустии маълумот ҳамаи муаллифон масъуланд.
  • Мукотиба танҳо тавассути почтаи электронӣ анҷом дода мешавад.
  • Нусхаҳои электронӣ дар сомонаи маҷалла дастрасанд.
  • Дастнависҳое, ки ба ин қоидаҳо мувофиқат намекунанд, аз ҷониби нашрия қабул карда намешаванд.

Ин қоидаҳо дар асоси тавсияҳои ICMJE 2025 таҳия шудаанд ва мувофиқи тағйироти стандартҳои байналмилалӣ навсозӣ карда мешаванд.

Таҷдиди охирон: апрели 2026

Боргирӣ кардани қоидаҳои пурра барои муаллифон

Шумо метавонед нусхаи пурраи қоидаҳоро дар формати PDF барои истифодаи қулай зеркашӣ кунед.

Боргирӣ кардани қоидаҳо (PDF, 250 KB)

Қолаби мақола дар формати MS Word низ дастрас аст Боргирӣ кардани қолаб